Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Георг Папандреу, нахуствазири Юнон, марги се нафар дар натиҷаи тазоҳуроти эътирозӣ дар Афинаро “куштор” хонд ва маҳкум кард. Пулис гуфт, ин се нафар дар дохили бинои бонке буданд, ки баъд аз партоби шишаи маводи оташангез даргирифт.

Ошӯбҳо дар ҳоле ба амал омад, ки ҳазорон нафар дар саросари кишвар бо нишонаи эътироз ба барномаи сахтгиронаи иқтисодии ҳукумат ба кӯчаҳо рехтаанд. Ин барнома шарти аслии кӯмакҳои молӣ барои наҷоти Юнон аз бӯҳрони қарзӣ мебошад, ки ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва кишварҳои иттиҳоди арзии евро пешниҳод кардаанд.

Нерӯҳои пулис ва тазоҳургарон дар хиёбонҳои Афина ва дар атрофи порлумон задухурд карданд. Барои пешгирӣ аз вуруди тазоҳургарон ба бинои порлумон пулис аз гази ашковар истифода бурд.

Эътирозҳои рӯзи чаҳоршанбе дар чаҳорчуби корпартоии умумимиллии кишвар ба амал омад. Коргарони муассисаҳо ва корхонаҳо аз чораҳои ҳукумат ҷиҳати баромадан аз буҳрони амиқи иқтисодӣ норозианд, гарчанде бӯҳрон ба ҳукумати кунунӣ аз ҳукуматҳои қаблӣ ба мерос мондааст.

Ҳампаймонони аврупоии Юнон ва Сандуқи байналмилалии пул ба Афина воме ба маблағи 110 миллиард евро ваъда додаанд, аммо дар иваз Юнон бояд андозҳоро ба таври мулоҳиза афзоиш ва ҳаққи нафақахӯронро коҳиш дода, маоши коргаронро ҳам барои се соли оянда боло набардорад.

Корпартоии дирӯзаро коргарони корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ ва давлатӣ дар якҷоягӣ ташкил кардаанд. Дар кишвар аксарияти хадамоти маишӣ, ширкатҳо ва нақлиёт фаъолият намекунад.

Георг Папаконстантину, вазири молияи Юнон, иқрор мекунад, ки чораҳо барои мардум дарднок хоҳанд буд. Вай гуфт, нақша бисёр сангин аст ва ба бисёри нафароне осеб мерасонад, ки дар вазъи ба амал омада ягон гуноҳе надоранд. Аммо, афзуд вай, Юнон ба ғайр аз интихоби нақшаи наҷот чораи дигар надорад.

Евро дар хатар аст

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, аз порлумони кишвараш даъват кард, то тарҳи наҷоти Юнонро ба тасвиб расонад. Вай гуфт, ояндаи Аврупо ва бахусус сарнавишти евро дар хатар аст.

Тарҳи наҷот миёни аҳолии Олмон, ки маҷбуранд барои иштибоҳҳои Юнон пули худро масраф кунанд, маҳбубият надорад. Олмон барои наҷоти Юнон дар муқоиса бо дигар кишварҳои Аврупо бояд бештар сармоя пардозад. Раъйгирӣ дар порлумони Олмон рӯзи ҷумъа доир хоҳад шуд.

Шубҳаҳо дар кофӣ будани сармояи ҷудошуда барои ниёзҳои Юнон сабаби асабонияти тамоми бозорҳои ҷаҳон гаштааст.
Олӣ Реҳн, комиссионери Аврупо дар умури иқтисодӣ ва молӣ, талош дорад, то ин нигарониҳоро бартараф кунад.
Ӯ мутмаин аст, ки 80 миллиард аз кишварҳои минтақаи гардиши евро ва 30 миллиард аз Сандуқи байналмилалии пул талаботи молии Юнонро дар чанд соли оянда таъмин хоҳад кард.

Бо вуҷуди ин бозорҳои саҳҳомии ҷаҳон ба таври чашмрас поин рафтаанд. Дирӯз қиммати евро як доллару 29 сентро ташкил дод, ки ин бадтарин нишондод дар як соли охир мебошад. Сармоягузорон метарсанд, ки тарҳи наҷот бӯҳрони қарзии Юнонро ҳал карда наметавонад ва ин бӯҳрон ба Испания ва Португалия - ду заифтарин иқтисоди минтақаи пули евро сироят мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG