Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибрози нигаронии сарони Аврупо аз сарнавишти евро


Ба думболи онки тазоҳуроти хушунатбори Юнон, ки се кушта бар ҷой гузошт, раҳбарони кишварҳои аврупоӣ аз сарнавишти арзи воҳиди евро ибрози нигаронӣ карданд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон гуфт, евро дар тӯли 11 соли умри худ ба бадтарин бӯҳрон дучор шудааст. Маттӣ Ваҳнанен, нахуствазири Финландия эътироф кард, ки барномаи наҷоти Юнон шояд натавонад, монеъи густариши бӯҳрони молӣ шавад. Франсуа Филлон, нахуствазири Фаронса гуфт, евро мавриди ҳамлаи муомилакунандагони арзӣ қарор гирифтааст. Георг Папандреу ҳалокати се нафар дар тазоҳуроти Афинаро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG