Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи порлумонии Бритониё шурӯъ мешавад


Дар Бритониё имрӯз мардум порлумони нави кишварро интихоб мекунанд. Бино ба назархоҳиҳо, рақобатҳо дар интихоботи имрӯзаи Бритониё аз пуршиддаттарин рақобатҳои сиёсии таърихи навини кишвар будааст. Ҳизби кори нахуствзир Гордон Бровн ва Ҳизби муҳофизакорон ба раҳбарии Дейвид Кемерон барои соҳиб шудан ба аксарияти курсиҳои порлумон талош доранд ва дар ин миён ҳимоят аз Ҳизби либерал демократи Бритониё ҳам афзудааст. Дирӯз раҳбарони ҳизбҳо саъй кардаанд, то дили сеяки раъйдиҳандагони Бритониёнро ба даст оранд, ки тасмими ниҳоӣ нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG