Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозори "Баракат" аз нақшаи Душанбе маҳв мешавад


Шаҳрдории Душанбе эълом кард, ки ба зудӣ яке аз қадимтарин бозорҳои пойтахти Тоҷикистон тахриб карда хоҳад шуд. Бозори “Баракат” яке аз қадимтарин ва бузургтарин бозорҳои Душанбе дар маркази шаҳр воқеъ аст ва бар асоси тарҳи бозсозии пойтахт, дар маҳалли он бояд бинои муассисаҳои давлатӣ қомат афрозад. Хабаргузории давлатии “Ховар” мегӯяд, масъулон дастур гирифтаанд, то тоҷирону дӯкондорони “Баракат” бозорҳои дигари шаҳр ҷой диҳанд.
XS
SM
MD
LG