Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрону Душанбе. Лағви раводид чӣ дар пай дорад?


Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки бо вуҷуди низомҳои мухталифи Эрону Тоҷикистон бо бардоштани раводид миёни ду кишвар ба хусус бахшҳои инсонӣ, тиҷорат ва иқтисод рушд хоҳад кард.

Борҳо соҳибкорону тоҷирони эронӣ аз мушкили шароити равуо миёни Тоҷикистону Эрон шикоят намуда ва хостори содда намудани ин масъала шуданд.

Ҳоло мақомоти Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди давлати Эрон дар масъалаи лағви виза ё раводид барои шаҳрвандони худ мавқеи худро рушан накардаанд ва барои ҳалли ин масъала дар Душанбе ба музокираҳои дуҷонибаро оғоз намуданд. Ҳайати консулии Теҳронро муовини сардори Хадамоти консулии Вазорати хориҷаи Эрон Ҳасан Қашқовӣ раҳбарӣ мекунад.

Тибқи иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир миёни Эрону Тоҷикистон раводид барои шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ вуҷуд надорад. Тоҷикистон бо кишвари Чин низ ҳамин гуна муносибат дорад.

Нафъи лағви режими раводид

Ба ин тартиб бо бардошта шудани раводиди шаҳрвандӣ дар бахши фарҳанг хусусан чопу нашри китобҳои адибони тоҷик ва дар риштаи тиб, тиҷорату иқтисод сиёсатмадорони тоҷик хушбин ҳастанд. Зеро бидуни раводид равуо дар ин бахшҳо фаъолтар шуда, ба беҳбуд ёфтан дар ин соҳаҳо мусоидат хоҳад кард.

Коршиноси мустақили тоҷик Абдуллоҳи Роҳнамо ба ин бовар аст, ки «ба Эрон ба чашми манофеи миллии Тоҷикистон бояд нигоҳ кард. Эрон ҳамшарики Тоҷикистон аст ва дар сатҳи расмӣ низ ин муносибат дар ҳамин сатҳ қарор дорад. Муносибати ин ду кишвар табиӣ аст ва ин раванд мусбат мебошад».

Вале бархе аз таҳлилгарони дигари тоҷик мегӯянд, гузаштаи муштараки таърихиву фарҳангӣ кифоя нест, ки Тоҷикистон ҳамаи дарҳоро ба рӯи Эрон боз намояд.

Мушкили мазҳабӣ

Ба назари коршиноси мустақили тоҷик Қосимшоҳ Бекмуҳамад, вақте ки кишварҳои исломӣ бо як кишвари дунявӣ наздикӣ пайдо мекунад, ҳатман ҳадс зада мешавад, ки хатари иртиҷоӣ ва тундгароии исломӣ пеш хоҳад омад.

Вай мегӯяд, «бархе аз кишварҳо ҳануз бар ин назаранд, ки лағви раводид бо кишварҳои исломӣ метавонад барои шуюъ ва андешаҳои исломгароӣ ва он ҳам ба шакли тундравона мусоидат кунад. Фикр намекунам, Эрон, ки ба таври умда пойбанди ташайюъ аст, бо лағви раводид фазои сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро таҳти таъсир қарор диҳад».

Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир садҳо ҷавонону духтарони тоҷик дар риштаҳои улуми сиёсӣ, инсонӣ динии мадрасаҳои шаҳру вилоятҳои Эрон таҳсил доранд.

"Набояд садд эҷод кард"

Раиси Маркази мутолеоти стротегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов ба ин бовар аст, ки бояд ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон дар ин сурат масъулият нишон диҳанд ва набояд бо давлате, ки аз ҷумлаи ҳамшарикони Тоҷикистон садд эҷод кард.

"Дар ин сурат бояд назорати сохторҳои зидахл таҳким дода шавад. Агар масъалаи мазҳабиро дар миёни гузорем, пас ба кишварҳои Ғарб ҳам робита надошта бошем, ба Русия наравем. Мусаллам аст, ки бо Эрон робитаҳои фарҳангию иқтисодӣ ва таърихиро густариш дод", мегӯяд, ӯ.

Дар ҳоле ки таҳлилгарону сиёсатшиносони тоҷик дар робита ба пайомади лағви визаи шаҳрвандӣ миёни Теҳрону Душанбе изҳори ҳадсу гумонҳои мухталиф мекунанд, интизор меравад, ин масъала рӯзи ҷумъа миёни ҳайатҳои дуҷониба баррасӣ шавад.

Сухангуи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ мегӯяд, Эрон бо чанд кишвари дигар ҳам шароити визаи шаҳрвандиро лағв кардааст ва мехоҳад бо Тоҷикистон низ ин корро кунад. Қарор аст, 7 май нишасти дуҷонибаи консулгариҳои дуҷониб дар Душанбе баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG