Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи интихобот дар Боснӣ ва Ҳерсеговина эълон шуд


Интихоботи навбатӣ ба мақомоти иҷроия ва қонунбарори Боснӣ ва Ҳерсеговина рӯзи 3 октябр баргузор мешавад. Ба иттилоъи Комиссиюни интихоботии кишвар, дар раъйдиҳӣ, ки бори шашум баъд аз хатми ҷанг дар миёнаҳои солҳои 90-ум баргузор мешавад, метавонанд беш аз се миллиону сад ҳазор шаҳрвандон ширкат кунанд. Онҳо ҳайати нави мақомоти муштараки иҷроия ва қонунбарор ва ҳамчунин вакилони парлумони ду минтақаи нимамухтор – Ҷумҳурии сербҳои Боснӣ ва Федератсияи Босниву Ҳерсеговинаро интихоб хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG