Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Запорожие муҷассамаи Сталинро сохтанд


Коммунистони шаҳри Запорожие, воқеъ дар ҷанубу ғарби Украина, парда аз рӯи муҷассамаи раҳбари мустабиди шӯравӣ Иосиф Сталин бардоштанд. Александр Зубчевский, котиби дуввуми кумитаи ҳизби коммунисти Запорожие, ба бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин муҷассама аз ҳисоби маблағи собиқадорони ҷанги дуввуми ҷаҳон сохта шудааст.
Рӯзи сешанбе додгоҳи маъмурии Запорожие ҳама ҷамъомадҳо дар канори муҷассамаи Сталинро манъ кард. Беш аз сад тан аз сокинони маҳаллӣ дар канори китобхонаи вилоятӣ гирд омада, алайҳи гузоштани муҷассамаи Сталин дар шаҳр эътироз карданд. Онҳо баъдан намоиши эътирозии худро дар назди бинои ҳукумати шаҳр идома доданд. Ҷонибдорони Ҳизби коммунист сӯи эътирозгарон тухми палағда андохтанд. Кормандони ҳифзи тартибот аз бархурд миёни ҷонибдорону мухолифини Сталин ҷилавгирӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG