Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарпечии ноширони эронӣ аз ширкат дар намоишгоҳи китоб


Як идда аз ноширони маъруфи эронӣ аз ширкат дар Намоишгоҳи байнулмилалии китоб дар Теҳрон худдорӣ карданд. Ин намоишгоҳ, ки ахиран ифтитоҳ шуд, бузургтарин дар Осиё ва Ховари Миёна арзёбӣ мешавад. Ба иттилоъи Радио Фардо, Шаҳло Лоҳиҷӣ, раиси нашриёти маъруфи “Рӯшангарон” ва ҳомии ҳуқуқи башар изҳор намуд, ки даъвати ширкат дар намоишгоҳро рад кардааст. Аббос Маъруфӣ, адиби эронии муқими Олмон мегӯяд, дар ҳоле, ки дар Эрон ба ҳазорон китобҳо иҷозаи чоп дода намешавад, баргузории намоишгоҳи китоб дар кишвар зарурате надорад.
Ба иттилоъи хабаргузориҳои эронӣ, дар намоишгоҳи имсола 1900 нашриёти дохилӣ ва тақрибан 1700 ноширон аз 78 кишвари олам ва ҳамчунин ЮНЕСКО – Бунёди маориф ва илму фарҳанги СММ ва Комиссиюни исломи дифоъ аз ҳуқуқи башар ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG