Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таърихнигорони тоҷик мегӯянд, дар ҳайъати ҳаракати “Легиони Туркистон” дар даврони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ шаҳрвандони Тоҷикистон нуфуз ва ҷойгоҳи хосе надоштанд.

Таъсиси "Легиони Туркистон" дар Олмон

“Легиони Туркистон” дар соли 1942 дар Олмон ташкил ёфта, ба ин ҳаракат нафароне, ки аз Осиёи Миёна буданд, ҷалб мешуданд ва гуфта мешавад, Олмон онҳоро барои ҷудоиандозӣ дар дохили Шӯравӣ истифода мекард.

Дар “Легиони Туркистон” аслан қавмҳои турктабор, аз ҷумлаи узбакҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва тоторҳо ширкат мекарданд.

Нуралии Давлат, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, онҳое, ки аз Осиёи Миёна буданду шомили ин ҳаракат мешуданд, новобаста ба миллияти худ, ҳамчун турк муаррифӣ мегардиданд.

Бо ин ҳол, агар тоҷиконе ҳам, ки дар ҳайъати ин ҳаракат ҳузур доштаанд, камшумор буда, ё боқимондаи ашрофзодаҳо ё шаҳрвандони норозӣ аз давлати Шӯравӣ ва ё онҳое будаанд, ки дар ҷанг ба асорати олмониҳо афтидаанд.

Виктор Дубовитский, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи таъриху археологияи Академияи улуми Тоҷикистон, мегӯяд, то ҳол дар ин бора пажӯҳиши хосе анҷом нашудааст ва гуфтан мушкил аст, ки дар “Легиони Туркистон” чӣ қадар аз тоҷикон ҳузур доштанд.

Чоқай, Қаюмхон ва ҳадафи легионерҳо

“Легиони Туркистон” идомаи Кумитаи миллии Туркистон аст, ки фаъолияти он дар соли 1940 дар Олмон оғоз ёфта, Мустафо Чоқай аз Қазоқистон, раҳбарии онро ба ӯҳда доштааст. Манбаъҳо менависанд, пас аз он ки Чоқай ба таври мармуз мефавтад, ин вазифа мустақим ба дӯши Валӣ Қайюмхон мегузарад.

Валӣ Қайюмхон нафаре буд, ки ҳамроҳи 43 нафари дигар дар соли 1922 бо кӯмаки Абдулвоҳиди Мунзим, шоири тоҷик, барои омӯзиши забони олмонӣ ба Олмон фиристода мешавад, аммо дар соли 1926 дар пайи даъвати Иттиҳоди Шӯравӣ ба ватан барнамегардад.

Агарчӣ баъзе аз манбаъҳо мегӯянд, ки “Легиони Туркистон” амалиёти ҷиддиеро анҷом надода, танҳо дар ҳоли омодабош қарор дошт, бархе аз таърихнигорон мегӯянд, аъзои ин легион дар баъзе аз муҳорибаҳо, аз ҷумла дар пахши исёни Варшава дар соли 1944 ва, ҳамчунин, дар муҳорибаҳои Лаҳистон ширкат доштаанд.

Вале ҳадафи аслӣ аз ташкили “Легиони Туркистон” чӣ буд ва ин ҳаракат чӣ қадар аскар дошт? Нуралии Давлат мегӯяд, "аз 5 миллион нафаре, ки дар ҷанги дуввуми ҷаҳон аз ҷониби Шӯравӣ ба асорати Олмон афтида буданд, сеяки онҳоро мардуми мусулмон, мардуми Осиёи Миёна ташкил медоданд. Чун онҳо дар вазъияти бад қарор доштанд, ҳукумати Гитлер аз ин фурсат истифода карда, онҳоро ҷалб мекунад. Мақсади Гитлер ин буд, ки агар Иттифоқи Шӯравӣ зери тасарруфи Олмон дарояд, дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ бояд намояндаҳое, ки аз қабл “тарбия” шудаанд, дар сари қудрат ҳамчун зархаридорон менишастанд. Аммо Гитлер пирӯз нашуд. Инҳо дигар ба кишвар баргашта наметавонистанд. Аксари онҳо ҳамчун маҳбус баргаштанд. Бештари онҳое, ки таслим шуданд, баъдтар ба маҳбасҳо равон карда шуданд ё бадарға гардиданд.”

Асирафтодагон - хоинон?

Ҳарчанд дар Тоҷикистон рӯшан гуфта намешавад ва иттилои дақиқ низ вуҷуд надорад, ки ин ё он нафар дар гузашта узви ҳаракати “Легиони Туркистон” буда, ба Шӯравӣ хиёнат кардааст, вале гуфта мешавад, аскароне, ки ба дасти олмониҳо асир афтода ва баъдан ба ватан баргаштанд, то нимаи солҳои 1970-уми қарни гузашта ҳамчун хоин шинохта мешуданд.

Карим Абдулов, донишманди тоҷик, мегӯяд, мардум ва давлати Шӯравӣ бо ин гурӯҳ асирон, бо вуҷуди он ки онҳо хоставу нахоста ба дасти олмониҳо афтодаанд, муносибати “гарм” надоштанд. Вай меафзояд, “инҳо душмани мо шуданд, ба тарафи Германия гузаштанд мегуфтанд. Мардуми мо, ки саводи кофӣ надоштанд, аз ин рӯ гумон мекарданд, ки ин асирон алайҳи Шӯравӣ ҷангидаанд. Ин ҳодиса, албатта, аз тарафи ҳукуматдорон ислоҳ ҳам намешуд ва буғӣ ҳам намешуд”.

Аммо Шариф Шокиров, муовини раиси ветеранҳои ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе, мегӯяд, аксарияти ин асирон дар нимаи солҳои ҳафтодум, дар замони таҷлил аз сисолагии пирӯзӣ бар фашизм, бо қарори давлати Шӯравӣ мавриди авф қарор гирифтанд: “Аввал қисме аз онҳоро ба ҳабс гирифтанд. Баъд аз ҳабс кардан, онҳоро мавриди тафтиш қарор доданд. Пас аз тафтиш бисёрии онҳоро сафед карданд. Ҳоло дар шӯрои мо низ чанде аз ин гуна собиқ асирон ҳастанд”.

Бурҳоновро ба "легион" чӣ мепайваст?

Замони навиштани ин матлаб бо исми Раҳим Бурҳонов рӯ ба рӯ омадам, ки номи ӯ бевосита ба “Легиони Туркистон” пайванд мегирад. Аммо ӯ на узви ин ҳаракат, балки ҳамчун ҷосуси Шӯравӣ дар ин ҳаракат ва Кумитаи миллии Туркистон кор кардааст.

Раҳим Бурҳонов, писари шоири тоҷик Абдулвоҳиди Мунзим буда, соли 1922 ба Олмон фиристода мешавад. Дар қатори ӯ 43 нафари дигар, аз ҷумла писари собиқ амири Бухоро Муродхон ва бародари ӯ Рашид низ буданд.

Раҳим Бурҳонов бар хилофи Валӣ Қайюмхон, ки раҳбарии Кумитаи милли Туркистонро ба ӯҳда дошт, дар соли 1926 ҳамроҳи бародари худ ба ватан бармеградад, аммо ба далели ин ки ӯ забони олмонӣ ва Олмонро ба хубӣ балад буд, давлати Шӯравӣ ӯро ба ҳайси ҷосус барои дарёфти иттилоъ аз дохили ҳаракати “Легиони Туркистон” мефиристад.

Нуралии Давлат, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, “дар моҳи декабри соли 1943 ӯро аз хати фронт мегузаронанд. Раҳим Бурҳонов баъд аз он ки аз ҷониби Гестапо бозпурсӣ мешавад, ӯро баъдтар шомили Кумитаи миллии Туркистон мекунанд. Аммо дар Кумита баъдан ихтилоф ба вуҷуд меояд: миёни узбакҳо ва қазоқҳо. Овозае паҳн мешавад, ки гӯиё Мустафо Чоқайро Валӣ Қайюмхон кушта бошад.”

Раҳим Бурҳонов ҳангоми рӯ задани чунин ихтилофот ба гурӯҳи “Артиши озодихоҳи рус” мепайвандад ва пас аз бозгашташ ба Иттиҳоди Шӯравӣ бо нохушиҳо рӯ ба рӯ меояд. Вале баъдан “сафед” шуда, то охири солҳои ҳафтодум ба таълими забони олмонӣ дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе машғул мешавад.

Бо ин ҳама, ин саҳифаи зардшудаи таърих гуфтанӣ ва ҷустаниҳои зиёде дорад, ки ё дар бойгонии ҷумҳуриявӣ ва ё дар бойгонии Кумитаи амнияти миллӣ маҳфузанд, ки даст ё то онҳо намерасад ё кӯтоҳӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG