Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Сироят"-и бӯҳрони молӣ дар Юнон ба Португалия


Бунгоҳи байнулмиллалии рейтинги Мoody’s изҳор намуд, ки тайи ду-се моҳи оянда шояд мизони тавонмандии Португалия барои пардохти қарзҳоашро як-ду зина поин барад. Ба гуфтаи коршиносони бунгоҳ, онҳоро барои ин тасмим бадтар шудани нишондодҳои молиявии Португалия ва шакку шубҳа ба дурнамои рушди иқтисодии кишвар таҳрик медиҳад.
Иқтисоддонҳо аз ин пеш ҳадс зада буданд, ки бӯҳрони молӣ дар Юнон метавонад ба дигар кишварҳо, аз ҷумла, ба Португалия ва Испания “сироят” кунад.

XS
SM
MD
LG