Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се нафар дар як оташсӯзӣ дар Афина


Намоишгарон дар маркази шаҳри Афина бинои як бонкро ба оташ кашиданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин ҳодиса се нафар ба ҳалокат расиданд ва тақрибан 20 каси дигар аз имкони аз бино берун шудан маҳрум монданд. Намояндагони хадамоти оташнишонӣ хабар доданд, ки аз бино дасти кам чаҳор нафарро берун кардаанд. Кормандони оташнишонӣ мегӯянд, ки шояд дар ин бино одамони дигар ҳам боқӣ монда бошанд.
Имрӯз полиси Афина алайҳи намоишгароне, ки мехостанд вориди бинои парлумони Юнон шаванд, аз гази ашковар истифода кард. Дар Юнон 5 май коршикании умумимиллӣ эълон шудааст ва дар пойтахту шаҳрҳои бузург намоишҳои эътирозӣ идома доранд. Сокинони кишвар алайҳи тарҳи зиддибӯҳронии ҳукумат эътироз мекунанд. Айни ҳол қарзи Юнон аз марзи 300 миллиард евро убур кардааст.
Имрӯз Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, аз тасмими ҳукумат дар робита ба тахсиси 22 миллиард евро барои Юнон пуштибонӣ кард. Дар маҷмӯъ кишварҳои минтақаи евро ва Сандуқи байнулмилалии пул ба Юнони ғутида дар бӯҳрони молӣ ба маблағи 110 миллиард евро қарз хоҳанд дод. Ҳамзамон хонум Меркел имрӯз ҳушдор дод, ки ноком шудани нақшаи кумаки молиявӣ ба Юнон барои ҳама кишварҳои аврупоӣ паёмади манфӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG