Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадам ба қадам бо пайроҳаи ҷанг


Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳарчанд 65 сол қабл анҷом шудааст, вале ҳанӯз ҳам захмҳои он ҷанг фаромӯш нашуда ва шифо ҳам наёфтаанд. Бахусус, он захмҳо дар ҷисму қалби нафароне боқист, ки ин ҷангро пушти сар кардаанд, дар ҷанг дар баробари фашистон меҷангиданд.

Шумори ин нафарон ҳамарӯза камтар мешавад ва феълан 2940 нафар собиқадорон ва маҷрӯҳони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд. Собиқадорон ва маҷрӯҳони он ҷанг дар Душанбе 260 нафар боқӣ мондаанд. Синни аксари онҳо назди ба 90 аст. Ниёзи онҳо ба кӯмаки моливу тиббӣ бештар мешавад ва дар зимн аз кӯмакҳое бархурдоранд.

Вале дар гузашта теъдоде аз онҳо ҳатто бесарпаноҳ монда ва аз парастории фарзандон ва хонавода ва ҳатто мақомот маҳрум шуда буданд.

«Озодӣ» дар пешорӯи 65-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм тасмим гирифт, аз рӯзгор ва пайроҳаи ҷангии як собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисса кунад. Ин достони сарбози замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯи навори видеост:

Собиқадори ҶБВ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00

XS
SM
MD
LG