Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Авбош шартан аз озодӣ маҳрум карда шуд


Додгоҳи шаҳри Маскав мардеро, ки ба ҳомии ҳуқуқи башар Людмила Алексеева ҳамла карда буд, шартан барои як сол аз озодӣ маҳрум кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, донишҷӯи собиқи як донишгоҳи мазҳабӣ Константин Переверзев аз сӯи додгоҳ дар авбошӣ муттаҳам шуд. Аз ин пеш Людмила Алексеева изҳор карда буд, ки аз ҳамлагар ҷуброни осеби маънавиро талаб нахоҳад кард.
Раиси гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав Людмила Алексеева рӯзи 31 март, замоне мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар истгоҳи метрои “Парк культуры” ба ёди қурбониёни ҳамлаи террористӣ гул мегузошт. Константин Переверзев ба сари ӯ мушт зада буд.
XS
SM
MD
LG