Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полиси Русия гурӯҳи тазоҳуркунандагонеро боздошт кард, ки дар рӯбарӯи бинои Думаи давлатии шаҳрии Маскав алайҳи генплани нави Маскав эътироз мекарданд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ҷаласаи Думаи давлатӣ тарҳи бозсозии пойтахти Русия мавриди баррасӣ қарор дошт, ки тазоҳуркунандагон онро "барномаи қатли Маскав" ва "таҳқири маскавиҳо" меноманд. Созмонҳои шаҳрвандии Маскав талаб доранд, 609 ҷои генплан тағйир дода шавад ва Палатаи ҷамъиятии Федерасюни Русия дар паёме ба раиси Думаи Маскав Владимир Платонов хостори таъвиқи қабули тарҳ шудааст.

Навсозии Маскав

Мақомоти Русия мегӯянд, тарҳи умумии рушд ё, ба истилоҳ, "генплан"-и Маскав, бозсозии густардаи шаҳрро дар назар дорад, то ба ниёзҳои афзудаи он расидагӣ шавад. Бар пояи ин тарҳ дуввуним миллион метри мураббаъ бино тахриб ва дар иваз 14 миллион метри мураббаъ бинои нав сохта хоҳад шуд. Намуди кӯчаву хиёбон ва майдону маҳаллаҳои Маскав, ки аҳолиаш акнун ба 9 миллион нафар расидааст, ба куллӣ тағйир хоҳад кард.

Вале даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони шаҳр ба ин тарҳ мухолифанд ва мегӯянд, дар паси генплан на аҳдофи беҳбуди Маскав, балки мақсадҳои дигаре нуҳуфтаанд. Аз он ҷо ки шаҳрдори Маскав Юрий Лужков аз ташаббускорони ин тарҳ ва ҳамсари ӯ, Елена Батурина, соҳибимтиёзи чандин ширкати бинокорӣ ва ягона зани миллиардери Русия аст, бисёриҳо бар инанд, ки генплан олуда ба фасод аст. Дар гузашта низ Лужков борҳо ба он айбдор шудааст, ки қарордодҳои бузургҳаҷми бинокории Маскавро ба ҳамсараш додааст. Аммо Лужков ин иттиҳомотро ҳамеша ва бо қатъият рад кардааст.

Хатари тахриби биноҳои таърихӣ

Нигаронӣ аз маҳви биноҳои таърихӣ як мояи дигари мухолифат ба генплани Лужков мебошад. Наққош Алексей Клименко мегӯяд, "генплани феълӣ ҳукми қатли Маскав аст. Ин як санади стратегӣ нест, ки роҳи наҷоти Маскав аз бӯҳронро нишон диҳад."

Аммо сарони созмони мустақили назорати меъмории Маскав бо номи "Архнадзор" мегӯянд, ҳарчанд ҳангоми таҳияи тарҳи умумӣ ёдгориҳои таърихиии шаҳр бо эҳтиёти тамом ҳифз шудаанд, садҳо бино ва маҳаллаҳои муҳим, ки мақоми ёдгориро надоранд, зери хатар мебошанд. Барои намуна, маҳаллаи Хитровка дар Китай-Город аз қарни 19 мондааст ва дар бисёре аз осори адабии русӣ қаламдод шудааст.

София, бознишастаи 89-сола мегӯяд, "дили ман ба биноҳои кӯҳна месӯзад, зеро онҳо барои ман манзараи шаҳранд, Маскави қадимии мананд." Ин сокини кӯҳансоли Маскав тахриби бисёре аз биноҳои шаҳрро дидааст. Махсусан дар давраи Сталин ва Хрушев. Ақидаи ӯ ин аст, ки ҳар сарвар мехоҳад, нақши дастони худро дар Маскав боқӣ гузорад.

Меъмории Лужков

Аммо ба гуфтаи шореҳи меъморӣ дар нашрияи "Коммерсант", Григорий Резвин генплани Лужков чизи дигарест. Резвин мегӯяд, таъсири Лужков ба симои Маскав хеле бузург аст. Дар гузашта мо меъмории давраи Брежнев доштем, меъмории Хрушев, меъмории Сталин. Акнун -- меъмории Лужков. На меъмории Елтсин ё Путин, балки Лужков. Аввалин бор аст, ки нақши шаҳрдор ин гуна таъинкунанда будааст."

Ин ақидаҳо дар робита ба генплани Маскав шубҳаҳои рабти онро бо фасод бештар мекунанд. Моликони яке аз осорхонаҳои Маскав, Марат Гелман гуфтааст, Маскав барои мо ишқи мост, барои Лужков полезе барои парвариши сабзавот.

Генплани Душанбе

Тақрибан дар ҳамаи шаҳрҳои ҷаҳон тарҳҳои бозсозӣ ё генпланҳо боиси эътирози сокинони онҳо мешаванд. Оғози татбиқи генплани Душанбе дар соли 2006 садҳо сокини пойтахти Тоҷикистонро хонабардӯш кард. Ба онҳо манзили ҳамнарх ва ё ҷубропулии баробар ба арзиши манзилашон дода нашуд, балки танҳо замин пешниҳод гашт, ки худ дар он манзили нав бунёд кунанд.

Бар асари эътирозҳои зиёд аз шеваи иҷрои генплани Душанбе ва камтаваҷҷӯҳии сармоягузорон ба он иҷрои Нақшаи умумии рушди Душанбе дар соли 2007 қатъ гардид. Дар ҳоле ки интизор мерафт, иҷрои тарҳ дар соли 2009 аз сар гирифта шавад, то ҳанӯз дар ин бора хабар дода нашудааст.

Вале зери шамшери генплан боқӣ мондани манзилҳои хусусӣ ба коҳиши ҷиддии нархи онҳо сабаб гашта, бозори манзилро дар шаҳри Душанбе ба нукоти генплани ин шаҳр тобеъ гардондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG