Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Афина аз гази ашковар истифода кард


Имрӯз полиси шаҳри Афина алайҳи намоишгароне, ки мехостанд вориди бинои парлумони Юнон шаванд, аз гази ашковар истифода кард. Дар Юнон 5 май коршикании умумимиллӣ эълон шудааст ва дар пойтахту шаҳрҳои бузург намоишҳои эътирозӣ идома доранд. Сокинони кишвар алайҳи тарҳи зиддибӯҳронии ҳукумат эътироз мекунанд. Айни ҳол қарзи Юнон аз марзи 300 миллиард евро убур кардааст.
Имрӯз Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, аз тасмими ҳукумат дар робита ба тахсиси 22 миллиард евро барои Юнон пуштибонӣ кард. Дар маҷмӯъ кишварҳои минтақаи евро ва Сандуқи байнулмилалии пул ба Юнони ғӯтида дар бӯҳрони молӣ ба маблағи 110 миллиард евро қарз хоҳанд дод. Имрӯз Ангела Меркел ҳушдор дод, ки ноком шудани нақшаи кумаки молиявӣ ба Юнон барои ҳама кишварҳои аврупоӣ паёмади манфӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG