Пайвандҳои дастрасӣ

Тошканд интиқоли газ ба Тоҷикистонро коҳиш медиҳад?


Агар ширкати “Тоҷиктрансгаз” то соати 5-и баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе ба ширкати гази Узбакистон як миллиону 400 ҳазор доллар пардохт накунад, Тошканд интиқоли газ ба Тоҷикистонро 50 дар сад коҳиш хоҳад дод. Ба иттилоъи “Тоҷиктрансгаз”, ин маблағи пешпардохт аст, ки тибқи созиши ҳосилшуда миёни ниҳодҳои ду кишвар, бояд ҳар даҳ рӯз интиқол дода шавад.
Ба иттилоъи хабаргузории Авасто, ширкати гази Тоҷикистон, дар навбати худ, аз корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ва муассисаи “Тоҷиксемент” талаб кардааст, ки қарз барои гази истифодакардаро пардохт намоянд.
XS
SM
MD
LG