Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел: Олмон ба Юнон кумак хоҳад кард


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, имрӯз ҳушдор дод, ки ноком шудани нақшаи кумаки молиявӣ ба Юнон барои ҳама кишварҳои аврупоӣ паёмади манфӣ хоҳад дошт. Зимни суханронӣ дар парлумони Олмон, хонум Меркел аз тасмими ҳукумат дар робита ба тахсиси 22 миллиард евро барои Юнон пуштибонӣ кард. Дар маҷмӯъ кишварҳои минтақаи евро ва Сандуқи байнулмилалии пул ба Юнони ғутида дар бӯҳрони молӣ ба маблағи 110 миллиард евро қарз хоҳанд дод. Қарор аст, ки рӯзи ҷумъа вакилони парлумони Олмон ба тасмими ҷудо кардани маблағ барои Юнон раъй бидиҳанд.
Дар худи Юнон бошад, ин лаҳзаҳо коршикании умумимиллӣ идома дорад. Ширкатдорони коршиканӣ алайҳи тарҳи зиддибӯҳронии ҳукумат эътироз мекунанд. Айни ҳол қарзи Юнон аз марзи 300 миллиард евро убур кардааст.
XS
SM
MD
LG