Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Покистон кӯшиши ҳамларо якҷоя тафтиш мекунанд


Мақомоти ИМА ва Покистон тасмим гирифтанд, ки ҳамроҳ талоши ҳамлаи террористӣ дар майдони Таймс-сквери Ню-Йоркро бозрасӣ кунанд. Филипп Кроулӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, ки "мо бо ҳукумати Покистон дар тафтиши кӯшиши инфиҷори бомб дар Таймс Сквер ҳамкории зич дорем. Мо ба омодагии Покистон барои ин гуна ҳамкорӣ арҷ мегузорем".
Дирӯз шаҳрванди покистониасли Амрико Файсал Шаҳзод дар Ню-Йорк дастгир шуд. Мақомоти ҳифзи тартиботи ИМА ӯро дар талоши мунфаҷир сохтани як мошин дар Таймс-сквер гумонбар мехонанд. Шаҳзод иқрор намуд, ки дар як пойгоҳи ошӯбгарон дар минтақаи Вазиристони ҷанубии Покистон тамрин дидааст. Мақомоти тафтишот ҳадс мезананд, ки ӯ шояд бо ҷунбиши “Толибон” ё шабакаи “Ал-Қоида” робита дошта бошад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар Покистон ҳам бо гумони даст доштан дар кӯшиши ҳамлаи террористӣ дар Таймс-сквер чанд нафар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG