Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев "пешвои миллат" хоҳад шуд?


Парламони Қазоқистон пешниҳод дорад, ки раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев якумрӣ “пешвои миллат” эълон ва аз таъқиби ҷиноиву маъмурӣ озод шавад. Ахиран гурӯҳи вакилони Маҷлиси Қазоқистон тарҳи тағйирот ба қонунро дар ин бора барои баҳсу баррасӣ пешниҳод карданд. Тибқи ин тағйирот, ҳама ибтикори марбут ба сиёсати дохиливу хориҷӣ бояд бо Назарбоев ҳамоҳанг карда шавад. Ва аммо, ба гуфтаи вакилони парлумон, гап сари раёсати якумрии Назарбоев дар Қазоқистон намеравад ва Қонун дар бораи интихобот ҳам тағйир нахоҳад ёфт.
Нурсултон Назарбоев, нахустин раисиҷумҳури Қазоқистон, моҳи июли соли равон 70-сола мешавад. Ӯ аз соли 1990 сарвари кишвар аст ва мӯҳлати раёсатҷумҳурии ӯ соли 2012 поён меёбад.
XS
SM
MD
LG