Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко: "Боқиевро истирдод нахоҳам кард"


Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, аз ҳукумати муваққатии Қирғизистон даъват кардааст, бо талаби истирдоди президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев вайро «дарди сар ва нороҳат» накунанд.

Ӯ ба хабаргузории Рейтер гуфт, Белорус Боқиевро истирдод нахоҳад кард. Ба гуфтаи Лукашенко, агар Белорус Боқиевро ба Қирғизистон истирдод кунад, мушкилоти ҳукумати муваққатӣ фақат меафзояд. Ба таъкиди президенти Белорус, Боқиевро нӯҳ моҳ қабл мардуми қирғиз президенти худ интихоб кард ва ин интихоботро ҳам Ғарбу Амрико ва ҳам нозирони ИДМ эътироф намуданд.

Бо вуҷуди изҳороти президент Лукашенко дар Қирғизистон Боқиевро дар куштори 85 шаҳрванди кишвараш муттаҳам кардаанд ва ҳукумати муваққатӣ аз Минск истирдоди Боқиевро дар зудтарин фурсат тақозо намудааст.

Дирӯз, 4-уми май, Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатии қирғиз, Декрети аз мақом ва масъуният маҳрум кардани президенти пешин Қурмонбек Боқиевро имзо кард. Ба гуфтаи Фарид Ниёзов, мудири маркази иттилоотиву ҳамоҳангсозии дастгоҳи ҳукумати муваққатӣ, мувофиқи ин декрет Қурмонбек Боқиевро мардуми кишвараш аз тахт барканор кард. Фарид Ниёзов мегӯяд, бино ба ин декрет, Боқиев мардуми зиёдро ба тири оташ кашид ва ба ин васила худро аз мақом ва масъунияти президентӣ маҳрум сохт.

Дар ҳамин ҳол, писарони президенти барканоршуда Марат ва Максим, ҳамчунин бародарони ӯ Ҷонибек, Аҳмадбек ва Қонибек мавриди пайгарди қонунӣ қарор доранд. Барои иттилоъ дар бораи маҳалли зисти онҳо ва нахуствазири пешин Дониёр Усенов ва ҳафт тани дигар ҳукумати муваққатӣ аз 20 ҳазор то 100 ҳазор доллар ҳадя ваъда кардааст.

Рӯзи 5-уми май дар Қирғизистон рӯзи Қонуни асосист ва дар тақвими қирғизҳо он рӯзи истироҳат эълон шудааст. Аммо, дар ҳоли ҳозир, Қирғизистон тарҳи нави Қонуни асосиро ба муҳокимаи мардум пешниҳод кардааст. Мувофиқи тарҳи ҷадиди Қонуни асосӣ, ваколатҳои президент коҳиш хоҳанд ёфт ва Қирғизистон ба сохти давлатдории парлумонӣ хоҳад гузашт.

Бо қарори ҳукумати муваққатӣ гурӯҳи машваратии Қонуни асосӣ таъсис ёфтааст, ки онро Омурбек Тикебоев, ноиби Роза Отунбоева, раҳбарӣ мекунад. Дар ин гурӯҳ 75 нафар шомиланд, ки аз намояндагони аҳли сиёсат, фарҳангиён ва иқтисодшиносону арбобони давлатӣ иборатанд.

Тарҳи ниҳоии Қонуни асосии ҷадиди Қирғизистон бо тағйироту иловаҳо 18-уми майи соли равон эълон хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки як гурӯҳ соҳибназарони қирғиз муддати муҳокимаи тарҳи нави ин Қонунро хеле кам арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, то ин замон Қирғизистон чанд тарҳи Қонуни асосиро ба тасвиб расонд, вале вақти он расидааст, ки дар ин маврид аз саҳлангориҳо сарфи назар бояд кард ва тарҳеро ба тасвиб расонд, ки чун Конститутсияи Амрико ва кишварҳои дигари пешрафтаи ҷаҳон муддати дароз касе онро тағйир надиҳад.
XS
SM
MD
LG