Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавҳаҳои ширкатҳои мобилиро бармечинанд


Хабари барчидани лавҳаву овезаҳои тарғиботии телефонҳои ҳамроҳ аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе ширкатҳои мобилии кишварро ғофилгир кард.

Ғаффор Эркаев, раиси Анҷумани фароҳамгарони робитаи телефонии Тоҷикистон, мегӯяд, тасмими барчидани лавҳаҳои тарғиботии ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳ дар ин рӯзҳои баъд аз ид барояшон комилан ғайриинтизор буд, зеро онҳоро касе аз ин иқдом қаблан огаҳ накарда буд.

Ҷаноби Эркаев мегӯяд, бо масъулини Анҷумани ширкатҳои тарғиботии Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шудааст ва онҳо норозигии худро аз ин тасмим изҳор карданд. Ӯ мегӯяд, овехтани лавҳаҳои тарғиботӣ аз сӯи ширкатҳои мобилӣ пешакӣ тарҳрезӣ ва барои он маблағ ҷудо мешавад.

Ба назар мерасад, ки аз барчидани лавҳаҳои тарғиботӣ на ҳама руасои ширкатҳо огаҳанд. Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати “Вавилон” мегӯяд, ӯ сару садоҳоро дар бораи манъи таблиғоти телефонҳои ҳамроҳ шунидааст ва аммо ба ширкати онҳо дар ин бора дастуре ворид нашудааст. Ҷаноби Файзуллоев мегӯяд, шояд сабаб он аст, ки “Вавилон” дар хиёбонҳо лавҳаву овеза надорад.

Мутахассисон ин дастурро хилофи қонун мехонанд. Ба гуфтаи Ғаффор Эркаев, “дар Тоҷикистон қонун дар бораи тарғибот қабул шудааст ва тибқи он тарғиби тамокӯ ва машрубот манъ шудааст ва аммо дар он дар бораи манъи таблиғоти телефонҳои ҳамроҳ чизе гуфта нашудааст”.

Ва аммо ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳ ба ин тасмим чӣ гуна вокуниш хоҳанд кард? Ғаффор Эркаев мегӯяд, айни ҳол онҳо ба вақти бештар ниёз доранд ва бояд қабл аз пахши ягон изҳорот сабабҳои тасмими шаҳрдориро рӯшан ва онро баҳсу баррасӣ кунанд.

Гуфта мешавад, тасмими шаҳрдории Душанбе барои барчидани лавҳаҳои тарғиботии ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳ ба думболи интиқоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз сарфи маблағи бузург барои истифода аз телефонҳои ҳамроҳ гирифта шудааст. Ӯ дар паёми солонаи худ изҳор намуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 6 миллион аз телефонҳои ҳамроҳ ва беш аз 500 ҳазор нафар аз интернет истифода мебаранд. Ба гуфтаи раисҷумҳур, “даромади умумии солонаи ҳамаи операторони алоқаи барқӣ тақрибан 1 миллиарду 400 миллион сомониро ташкил медиҳад”. Ба ҷуз ин, гуфт Эмомалӣ Раҳмон, ҳар соҳиби телефони ҳамроҳ барои истифода аз он моҳона ва солона мутаносибан 50 ва 600 сомонӣ сарф мекунад. Раисҷумҳури Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки фоидаи ширкатҳои телефони ҳамроҳи кишвар асосан ба хориҷи кишвар интиқол меёбад ва аммо ӯ аз ягон кишвари мушаххас ном набурд.

Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳ аз барчидани лавҳаҳои тарғиботияшон зиёни бузург нахоҳанд кашид, зеро онҳо ҷойгоҳи худро дар ҷомеъа пайдо кардаанд ва ҳоло ба тарғибот қариб, ки ниёзе надоранд. Ва аммо, ба гуфтаи иқтисоддони тоҷик Масъуди Собир, “аз хиёбонҳо барчидани лавҳаву овезаҳо метавонад вуруди маблағи иловагӣ ба буҷаи маҳаллиро коҳиш диҳад”.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Масъуди Собир, манъи таблиғоти ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳ хилофи рақобати бозаргонист ва имкон дорад, рақобати озодро дар кишвар аз байн бубарад.

Мусоҳибони мо ба он нукта ҳам ишора мекунанд, ки ин тасмим шояд ангезаи сиёсӣ ҳам дошта бошад. Ба гуфтаи онҳо, вақтҳои ахир телефони мобил ба як василаи иттилоърасонӣ ҳам табдил шудааст ва шояд мақомот мехоҳанд бо афзоиши фишор болои ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳ аз пахши хабарҳои барояшон нохушоянд ҷилавгирӣ кунанд.

Ғаффор Эркаев мегӯяд, ҳамаи даҳ ширкати телефонҳои ҳамроҳи кишвар дар сурати мамнӯъ шудани таблиғот дар хиёбонҳо ва расонаҳои хабарӣ ба тарзи тарғиботи солҳои пеш рӯ меоваранд, яъне боз тавассути кормандонашон варақаҳои таблиғотиро миёни мардум паҳн мекунанд.

ИН ВИДЕОҲОРО НИЗ БУБИНЕД:

Неку бади телефонҳои ҳамроҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00


XS
SM
MD
LG