Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод мегӯяд, кишвараш аз таҳрим наметарсад


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, Эрон ба ҳаргуна таҳримоти Созмони Милал ва фишори Амрикову шариконаш дар иртибот ба барномаҳои баҳсбарангези атомии он кишвар тоб хоҳад овард. Зимни нишасти хабарие дар шаҳри Ню Йорк, дар ҳошияи нишасти бозбинии Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, Эрон аз таҳримоти байналмилалӣ истиқбол намекунад, аммо аз чунин иқдомот ҳам наметарсад. Раиси ҷумҳури Эрон гуфт, кишвараш аз Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ хориҷ нахоҳад шуд, коре ки Куриёи Шимолӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG