Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуруснанишнии писари раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон


Писари зиндонии Звиад Гамсахурдиа, раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон бо талаби раҳоиаш аз зиндон ба гуруснанишинӣ шурӯъ кардааст. Ба гузориши бахши гурҷии Радиои Озодӣ, Сотне Гамсахурдиа бори дуввум аст, ки аз замони боздошташ дар моҳи октябр гуруснанишӣ мекунад. Додгоҳ ӯро чанде пеш ба сӯиқасд ба ҷони як ҳамсояааш гунаҳкор дониста ва ба нӯҳ соли зиндон маҳкум кард. Хешовандонаш мегӯянд, ки ин кори дасти ниҳодҳои амниятии Гурҷистон аст. Звиад Гамсахурдиа, раиси ҷумҳури нахустини Гурҷистон, моҳи декабри соли 1993 дар як ҳодисаи асроромез кушта шуд.
XS
SM
MD
LG