Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷумҳурии Белорус Боқиевро истирдод намекунад


Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, гуфт, Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистонро ба кишвараш истирдод нахоҳад кард, ки ӯро дар онҷо ба хунрезӣ дар ошӯбҳои моҳи гузашта муттаҳам мекунанд. Александр Лукашенко ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, тақозои истирдоди Боқиев аз Ҷумҳурии Белорус барои давлати муваққати Қирғизистон “ноумедкунанда ва таҳқиромез мебуд”. Александр Лукашенко ҳамчунин кишварҳои ғарбиро интиқод кард ва гуфт, аз он кишварҳо дар баробари гомҳояш ҷиҳати беҳбуди равобит бо Аврупо ва Амрико посухи беҳтареро интизор дошт. Раиси ҷумҳури Белорус гуфт, орзуҳояш дар ин замина амалӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG