Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Белорус як ҷавони мазҳабиро табраа кард


Додгоҳи шаҳри Минск, як ҷавонеро бегуноҳ эълом кард, ки аз хидмати ҳатмии сарбозӣ ба далоили мазҳабӣ сарпечӣ кардааст. Ян Миҳалауи 21-сола, пайрави як ҷараёни мазҳаби калимиҳо будааст, ки хидмат дар сафи артишро намепазирад, аммо ӯ гуфтааст, омода аст, дар дигар ниҳоди алтернативӣ хидмат кунад. Аммо додгоҳ инро ба инобат нагирифта Ян Миҳалауро ба се моҳи зиндон маҳкум кард. Агарчӣ ӯ ҳукми худро тақрибан адо карда буд, аммо додгоҳи баъди бозбинии парванда, Миҳалауро табраа кард.
XS
SM
MD
LG