Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон заминҳоро ба соҳибонашон баргардонд


Мақомоти давлати муваққати Қирғизистон мегӯянд, заминҳои худсарона ишғолшуда дар канори шаҳри Бишкекро ба моликонаш баргардонданд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, пулис ва сокинони маҳаллӣ тақрибан 1000 нафарро, ки дар наздикии рустои Майовка заминҳои киштро аз худ карданд, аз ин маҳал рондаанд. Баъди тазоҳуроти хунини рӯзи ҳафтуми апрел дар Бишкек ва суқути ҳукумати Қурмонбек Боқиев, садҳо нафар заминҳои кишти наздик ба шаҳри Бишкекро худсарона ишғол карданд. Аммо давлати муваққат мегӯяд, намегузорад то касе ғайриқонунӣ дар ин маҳалҳо хона бисозад.
XS
SM
MD
LG