Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ҳамлаи Таймс-Скверро ҳушдори ҷиддӣ номид


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз ҳамлаи ноком дар Таймс–Скверро як ҳушдори таккондиҳанда пиромуни хатарҳои кунунии амниятӣ номид. Мақомоти Амрико шоми дирӯз бо иттиҳоми даст доштан дар талоши тарконидани мошини бомбгузоришуда дар маъруфтарин майдони шаҳри Ню-Йорк як шаҳрванди амрикоии зодаи Покистонро дастгир карданд.
Файсал Шаҳзод дар фурудгоҳи Ҷон Кеннедӣ вақте боздошт шуд, ки мехост ба ҳавопаймои роҳии Дубай бинишинад.
Обама, ки дар Вошингтон сӯҳбат мекард, гуфт, FBI, Дафтари федеролии тафтишот ва мақомоити дигар иртиботи эҳтимолии ин гумонбар бо гурӯҳҳои террористиро таҳқиқ мекунанд. FBI гуфт, Файсал Шаҳзод ба он муттаҳам мешавад, ки мошини бомбгузоришударо ба Таймс-Сквер овардааст. Ӯ имрӯз ба додгоҳи федеролии Манҳеттен эҳзор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG