Пайвандҳои дастрасӣ

Ба назар мерасад, маъракаи манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон на танҳо муваффақ набудааст, балки натиҷаи баракс додааст. Дар ҳоле ки шумораи занони боҳиҷоб рӯ ба афзоиш дорад, анвои пӯшидатари он ва ҳам ниқоби исломӣ низ дар кӯчаҳои Душанбе зуҳур кардааст.

Қариб як сол мешавад, ки Фотимаи 18-сола ба пӯшидани ҳиҷоби комил сар кард. Ҳиҷобе, ки ниқоб ҳам дорад ва ба истиснои чашмҳо аз сар то пои ӯро мепӯшонад.

"МАРО "НИНЗЯ" ХИТОБ МЕКУНАНД."

Фотима, сокини Душанбе, ки аз гуфтани номи хонаводагияш худдорӣ кард, мегӯяд, чанд муддат ба омӯзиши ислом пардохт ва дар ниҳояти амр ба хулосае расид, ки ҳиҷоби комил ба эътиқоди ӯ беҳтарин либос аст. Вай мегӯяд: "Одамон дар кӯча ба ман чашм медӯзанд. Баъзеҳо ба ман "нинзя" хитоб мекунанд, вале ман парвое надорам. Ин эътиқоди маро қавитар мекунад."

Чанд соли охир теъдоди занони ниқобпӯши тоҷик бо суръат зиёд мешавад ва ҳарчӣ бештар духтарони ҷавони байни 10 ва 20-сола дар пойтахти кишвар ба он мегараванд. Ин ҳам дар ҳоле ки дар соли 2007 ҳиҷоб, ки аз ниқоб дида бозтар аст, қисман манъ гардид. Занони тоҷик ҳақ надоранд, бо ҳиҷоб ба мактабу донишгоҳҳо, бархе аз ҷойҳои ҷамъиятӣ ва фурӯшгоҳҳо ворид шаванд. Мақомоти расмӣ ҳиҷобро як воридаи нозарури хориҷӣ мешуморанд ва қарори манъи он сабаби ронда шудани духтарони ҳиҷобпӯш аз донишгоҳҳо шуд.

Сурайё Набиева, омӯзгори мактаби миёна дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, мақомоти тоҷик дар баробари як муаммои сангине қарор доранд. Вай гуфт: "Мо фикр мекардем, ҳиҷоб як тундравист, акнун онҳо бо ниқоб рӯбарӯянд, ки ҳиҷобро дар баробари худ мӯътадилтар мекунад."

ҚОНУНҲОИ ЗИДДИ НИҚОБ?


Кишвари Белгия чанде пеш қонуни манъи ниқобу бурқаи занони мусулмононро ба тасвиб расонд. Айни чунин тарҳ ҳоло дар Фаронса мавриди баррасист ва инҳо намунаҳои тундравонае барои ҳукумати Тоҷикистонанд. Дар ҳоле ки мақомоти тоҷик вазъро баррасӣ мекунанд, коршиносон мегӯянд, манъи либоси исломӣ на танҳо натавонист, аз таъсири мазҳабии хориҷӣ пешгирӣ кунад, балки натиҷаи комилан баракс дод.

Бисёриҳо дар Тоҷикистони асосан мусулмоннишин ниқобро як унсури фарҳанги арабӣ мешуморанд, ки бо равияи ҳанафии исломи суннии тоҷикон пайванде надорад. Дар ин мазҳаб талаб намешавад, ки занон бояд рӯйи худро низ пӯшонанд. Шӯрои уламои Тоҷикистон, як ниҳоди мустақилии мавриди пуштибонии давлат аз пайравони ислом хост, ба либоси миллии тоҷикӣ ва сатри исломӣ бартарӣ бидиҳанд.

Вале дар ҳоле ки таъсири дин дар ҷомеаи тоҷик дар ҳоли афзоиш аст, коршиносон мегӯянд, бо густариши танаввӯъи мазҳабӣ шумораи занони ҳиҷоб ё ниқобпӯш дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт. Фишори давлат ба онҳо, ба ақидаи коршиносон, эътиқоди онҳоро коҳиш нахоҳад дод ва аз майли онҳо ба равияҳои берун аз Ҳанафия пешгирӣ нахоҳад кард.

Фотима мегӯяд, тасмими ниқобпӯшии ӯ сабаби ҳамлаи раҳгузаре шуд, ки бо шубҳа ва нафрат ба вай нигариста, ӯро "ваҳҳобӣ" номид, ки истилоҳест дар ҳаққи тундравони исломӣ дар Тоҷикистон.

НАҚЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДӢ


Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеъ ва ҳомии ҳуқуқи занон, ки барои лағви манъи рӯсарӣ дар кишвар маърака роҳандозӣ кардааст, ба ҷанбаъҳои дигар манфии ин қарор ишора мекунад: "Ин қарор аз ду ҷиҳат ба Қонуни асосии кишвар муғойират дорад. Нахуст, тибқи қонуни озодии виҷдон, ҳар шахс ҳақ дорад, аз дине ки мехоҳад пайравӣ кунад ва қонуни асосии Тоҷикистон ба ҳама баробар ҳаққи таҳсилро додааст. Ин қарор муқобили ду нуктаи асосии Қонуни асосист."

Вақте ки се сол пеш Вазорати маорифи Тоҷикистон ба татбиқи қарори манъи ҳиҷоб дар мактабҳо сар кард, бархе аз коршиносон ҳушдор доданд, ки ин қарор сабабгори афзоиши амдии ҳиҷобпӯшин мешавад. Насруллоев, ки ҳеҷ пайванде миёни қарори вазорат ва афзоиши ниқоб намебинад, қатъиян исрор мекунанд, ки манъи ҳиҷоб як қарори баде буд.

Дар ду-се соли охир бисёре аз занон пеш аз вуруд ба мактабу донишгоҳҳо ҳиҷоби худро мекашанд ва онҳое, ки мехоҳанд, бо ҳиҷоб вориди синфхона шаванд, аз донишгоҳҳо ронда мешаванд.

ЭЪТИРОЗҲО ДАР ҶОМЕА


Ин мушкил эътирози падару модарон, бархе аз рӯҳониён, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳамчунин намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба вуҷуд овард. Онҳо Вазорати маорифро ба нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон айбдор карданд. Як духтари донишҷӯ бо шикоят аз қарори манъи ҳиҷоб вазоратро ба додгоҳ кашид, аммо ноком гашт.

Аммо мақомоти маорифи кишвар зоҳиран ба танқидҳо бепарвоянд ва ба татбиқи қарори вазорат ҷадал мекунанд. Ҳафтаи гузашта, рӯзи 26-уми апрел, Ганҷина Шарифова, донишҷӯи соли чаҳоруми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ин донишгоҳ ронда шуд.

Афзоиши ҳиҷобу ниқоб дар Тоҷикистон натиҷаи таъсири васеътару амиқтар касб кардани ислом дар ҷомеа аст. Беш аз ҳама насли ҷавон шариати исломиро сармашқи зиндагии худ қарор медиҳад. Ҳазорон нафар ҷавонон пас аз хатми мадрасаҳои хориҷӣ ба ватан бармегарданд. Тақрибан дар ҳар масҷиди ҷомеаъ ва ҳар маҳалла муллоҳову бибимуллоҳо ё бихалифаҳо мактабҳои динӣ доранд, ки хурдсолон дар онҳо Қурону Ҳадис меомӯзанд. Дар ҳоле ки дар гузашта ниқоб танҳо дар Душанбе дида мешуд, ҳоло дар шаҳру рустои дигар низ намудор мешавад.

Муаллимаи хуҷандӣ, Набиева мегӯяд, "ниқобро дӯст намедорад, вале метарсад, ки он акнун ба бахше аз зиндагии ҳамарӯза табдил меёбад ва касе қодир нест, пеши роҳи онро бигирад."

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG