Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи Ҳошим Хостор дар зиндони Теҳрон бад шудааст


Ҳамсари Ҳошим Хостор, як омӯзгори зиндонишудаи эронӣ мегӯяд, шароити бади зиндон боиси бад шудани вазъи сиҳҳати шавҳараш шудааст. Содиқаи Маликифард ба Радиои Фардо гуфт, мақомот ба дархости мукаррари ӯ барои раҳоии шавҳараш ба манзури табобат посухи радд додаанд. Ҳошим Хостор, узви Иттиҳодияи касбии омӯзгорони Эрон, рӯзи 16 сентябр бо иттиҳоми фаъолиятҳои сиёсӣ боздошт шуд. Ӯ аз ҷумлаи беш аз 150 омӯзгори эронист, ки ба ҳисоби фаъолони ҳуқуқи башар, тайи солҳои охир бо ҷурми фаъолиятҳои сиёсӣ мавриди боздошт қарор гирифтаанд.
Ба гуфтаи фаъолони эронӣ, саркӯбии афроди дахил дар фаъолиятҳои сиёсӣ, бо шумули омӯзгорон, дар Эрон аз соли 2005, дар пайи ба қудрат расидани раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажод рӯ ба афзоиш овардааст.
XS
SM
MD
LG