Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи генерали муттаҳам ба қасди табаддулот


Имрӯз як генерал ва додситони аршади Туркия бо иттиҳоми даст доштан дар сӯъиқасд ба хотири беобрӯ ва барканор кардани давлати рӯ ба исломи ин кишвар ба додгоҳ эҳзор хоҳанд шуд. Хабаргузории Анатолия мегӯяд, мурофиаҳои алайҳи фармондеҳи артиши севвум генерали чорситораӣ Салдирай Берк ва додситон Илҳон Чиҳанер ҳамагӣ ду моҳ баъд аз эълони расмии иттиҳом ба онҳо ва 12 муттаҳами дигар дар додгоҳи шаҳри Эрзурум оғоз меёбад. Ин парвандаҳо аз парвандаи алайҳи як шабакаи дунявигарое бармеояд, ки мехост бо эҷоди беназмии сиёсӣ роҳро ба сӯи табаддулот алайҳи давлати таҳти раҳбарии ҳизби исломгарои Адолат ва Тараққӣ ҳамвор кунад.
XS
SM
MD
LG