Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омилони ғасби заминҳо дар Бишкек муҷозот мешаванд


Заминҳое, ки тайи моҳи гузашта дар атрофи Бишкек бо зӯр тасарруф шуданд, ба соҳибонашон баргардонда хоҳанд шуд.
Мақомоти умури дохилаи вилояти Чуй мегӯянд, ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ тақрибан 1000 нафареро, ки заминҳоро дар рустои Маёвка ғасб карда буданд, маҷбур ба тарки ин минтақа кардаанд. Ғасби худсаронаи заминҳо дар атрофи Бишкек дар пайи ошӯбҳои 7 апрел, ки мунҷар ба суқути давлати раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев шуд, авҷ гирифт. Дар ҷараёни задухӯрдҳо миёни сокинони рустои Маёвка ва тасарруфгарон 5 нафар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд.
Пулис мегӯяд, мавридҳои ғасби ғайриқонунии замин дар атрофи пойтахтро таҳқиқ мекунад ва чандин нафар аз ташкилкунандагонро алакай боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG