Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз 2 сарбози хориҷӣ дар Афғонистон


Паймони низомии НАТО дар бораи ҳалокати боз 2 сарбози хориҷӣ дар ду таркиши алоҳидаи бомби рӯироҳ дар ҷануби Афғонистон хабар дод. Ҳуввияти ҳалокшудагон ироа нашудааст, вале вазорати дифоъи Канада ҳалокати як сарбозаш дар улусволии Панҷвойии вилояти Қандаҳорро таъйид мекунад. Имсол дар Афғонистон алакай беш аз 170 аскари НАТО ва умдатан бар асари таркиши бомбҳои рӯироҳ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG