Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

656 миллион доллар кӯмаки Амрико ба Покистон


Амрико ба манзури ҷуброни хисороти амалиётҳои низомии соли гузашта алайҳи Толибон ба Покистон 656 миллион доллар ҷудо кардааст. Сухангӯи сафорати Амрико гуфт, 188 миллион доллар алакай дар ҳафтаи гузашта ба дасти Исломобод расида ва наздики ним миллиард доллари боқимонда рӯзи душанбе ба Покистон дода хоҳад шуд. Ин кӯмак ҷузъи барномаи кӯмакҳои эътилофист, ки ба кишварҳои дахил дар амалиётҳои зиддитеррор ва зиддичирикӣ ироа мешавад. Покистон як муттаҳиди аслии Амрико дар ҷанги Афғонистон ва муқобила бо хатари Ал-Қоида маҳсуб шуда, дар ин авохир алайҳи ҷангиёни толиб чандин амалиёти густарда анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG