Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати нав истирдоди Боқиевро тақозо мекунад


Ҳукумати муваққати Қирғизистон ба мақомоти додситонӣ дастур додааст, роҳҳои истирдоди раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиевро пайгирӣ кунанд. Фарид Ниёзов, сухангӯи ҳукумати муваққат гуфт, ин декрет бо иттифоқи оро тасвиб шуд: “Имрӯз раиси ҳукумати муваққат Роза Отунбоева ба декрете имзо гузошт, ки Қурмонбек Боқиевро аз ҳаққи масуният маҳрум мекунад. Ин декрет ҳанӯз ҳафтаи гузашта аз ҷониби тамоми аъзои ҳукумат якдилона қабул шуда буд.”
Ин дастур ба додситонӣ амр медиҳад, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми даст доштан дар саркӯбии тазоҳуроти эътирозии 7 апрел парвандаи ҷиноӣ боз кунанд. Он эътирозҳо мунҷар ба ҳалокати 85 нафар ва суқути давлати Боқиев шуд.
Боқиев дар пайи он ошӯбҳои хунин тарки Қирғизистон кард ва феълан дар Беларус ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG