Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози корпартоиҳои эътирозӣ дар Юнон


Коргарони бахши иҷтимоӣ дар Юнон ба корпартоии дурӯза алайҳи тадобири нави зиддибӯҳронии ҳукумат шурӯъ карданд. Давлати Юнон дар баҳои 110 миллиард евро кӯмаки муштараки ИА ва Сандуқи байналмилалии пул розӣ шуд, ки масрафоташро боз ҳам коҳиш бидиҳад. Ҳадафи аслии корпартоии саросарии рӯзи чоршанбе низ эътироз ба ҳамин тадобир ҷиҳати коҳиши бештари маошу нафақаҳост. Дирӯз гурӯҳи омӯзгорони юнонӣ бо талаби ҷойи кор барномаи ахбори телевизиони давлатиро тахриб карданд.
Давлати Юнон мехоҳад барномаи зиддибӯҳрониашро дар ҳамин ҳафта ба маърази муҳокимаи парлумон гузорад.
XS
SM
MD
LG