Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти нахустин гумонбари ҳамла дар Таймс-Сквер


Мақомоти Амрико як шаҳрванди амрикоии покистониюласлро бо иттиҳоми даст доштан дар талоши тарконидани мошини бомбгузоришуда дар майдони Таймс-Сквер, дар маркази Ню-Йорк боздошт кардаанд. Додситони кулли Амрико Эрик Ҳолдер гуфт, Файсал Шаҳзод шоми душанбе дар фурудгоҳи Ҷон Кеннедии Ню-Йорк вақте дастгир шуд, ки мехост ба ҳавопаймои роҳии Дубай бинишинад. Ҳолдер ин талоши нокоми ҳамларо “амали террористӣ” хонд.
FBI, Дафтари федеролии тафтишоти Амрико гуфт, Шаҳзод ба ин муттаҳам мешавад, ки рӯзи шанбе мошини бомбгузоришударо ба Таймс-Сквер овардааст. Интизор меравад, ки ӯ имрӯз ба додгоҳи федеролии Манҳеттен эҳзор шавад.
XS
SM
MD
LG