Пайвандҳои дастрасӣ

Дар робита бо 30-юмин солгарди марги Иосиф Брос Тито, раҳбари собиқи Югославия, радиои Озодӣ бо Сабрина Рамей, устоди улуми сиёсии Донишгоҳи сиёсӣ ва технологии Норвегия сӯҳбате анҷом дод. Сабрина Рамей муаллифи даҳҳо китоб дар бораи Югославияи собиқ аст.

Радиои Озодӣ: - Иосиф Брос Тито замоне дар Югославия ҳукумат кард, ки масалан, дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ Леонид Брежнев ва дар Полша Войсех Ярузелский зимоми қудратро дар даст доштанд. Оё бо гузашти 30 сол аз марги Брос Тито то ҳол вай дар миёни мардуми Югославияи собиқ шӯҳрат дорад ва оё мешавад Брос Титоро бо Брежнев ё Ярузелский муқоиса кард?

Сабрина Рамей: - Комилан қобили муқоиса нест. Барои он ки агар шумо ба Сербистон ё Хорватия ва ё ба Боснияву Ҳерзеговинаи имрӯз равед, ҳатто ба Словения, шумо дармеёбед, ки дар он ҷо парстиши Тито ҳанӯз вуҷуд дорад. Тито дар миёни мардуми ин кишварҳо ҳамоно шахсияти маъруф боқӣ мондааст. Дар ин кишварҳо то андозае носталгия ё пазмонӣ ба давраи Тито дар миёни мардум эҳсос мешавад. Гоҳо ин пазмонӣ кӯр-кӯрона аст. Вале дар бисёре аз маворид ин пазмонӣ интиқодист, зеро мардум дар ёд доранд, ки давраи сахте буд. Бо вуҷуди ин онҳо мегӯянд, ки давраи сулҳ буд, ваҳдат буд. Он вақт Югославия кишвари бузург ва бозигари муҳим буд, ки ҳоло ҳеҷ як аз кишварҳои нави ба вуҷуд омада ин нақшро надоранд. Ҳамаи ин нукот Титоро ба рамзи вақт табдил додааст. Агар шумо дар бораи Брежнев ва Ярузелский ба унвони намуна сӯҳбат кунед, дар он сурат мебинед, ки ҳеҷ як аз онҳо мисли Брос Тито ҷазбаву гироӣ надошт, масалан Ярузелский қонуни низомиро дар Полша муаррифӣ карда буд ва дар ҷомеаи Полша вайро ба унвони шахси мутавозин мешиносанд, яъне хубиҳову бадиҳояш тақрибан баробар аст. Аммо шахсияти Брежнев ҷолиб аст, зеро дар он давра дар Шӯравӣ як навъ оромӣ ҳукмфармо буд ва террори давраи Сталин паси сар шуда буд.

Тито бо Хрушев
Радиои Озодӣ:
- Вақте Тито дар солҳои сиюми қарни гузашта дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд, зоҳиран барои пулиси махфии Шӯравӣ кор мекард. Вале баъдтар муносибаташ бо Сталин сард шуд ва дар давраи ҷанги сард аз вай як сотсиалисти мустақил ном мебурданд. Сабаб чӣ буд, ки вай тақрибан аз Сталин рӯй гардонда буд?

Сабрина Рамей: - Сталин омода шуда буд, ки бар зидди Тито ба ҷанг бархезад. Нируҳои Тито хеле камтар аз нируҳои Сталин буданд ва чунин ҷанг ба нафъи Тито набуд, бар зарари Тито буд. Сабабҳои бадии муносибот низ хеле зиёд буд. Аммо сабаби аслӣ ин аст: Сталин умедвор буд, ки Тито гӯш ба фармонҳои Сталин мешавад. Вале Тито мехост, ки худаш шахсияти мустақил бошад. Тито мехост, ки муттаҳиди Сталин бошад ва Сталин ҳам инро медонист ва мехост, ки вайро ба "арӯсак"-и худ, агар ҳамин тавр бигӯем, табдил диҳад. Масалан, Сталин мегуфт, ки Тито ба Маскав ояд, Тито намерафт ва мегуфт, ки каме бемор аст ва ба ҷои худ коммунистҳо, сиёсатмадорони дигарро мефиристод. Сталин аз чунин кор хушаш намеомад.

Радиои Озодӣ: - Тито Югославияро то андозае ба як нусхаи кишвари озоди сотсиалистӣ табдил дод. Дар муқоиса бо кишварҳои дигари гурӯҳи сотсиалистӣ вай Ғарбро дар назар мегирифт, барои рафту омад марзҳояшро боз карда буд. Шумо фикр намекунед, ки агар вақт кофӣ мебуд, Югославия ба як кишвари ғарбӣ табдил меёфт ва шояд ба Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳ мешуд?

Сабрина Рамей: - Бале, ин равишест, ки шояд кор медод, дастикам дар солҳои аввали 80-ум, барои он ки ҳар қадр, ки кас вориди ин даҳсола шавад, мебинад, ки ба ҳамон андоза вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар ин даҳсола бадтар шудааст. Вақте, ки Слободан Милошевич дар соли 1987 сари қудрат омад, вай барномаи худро дошт. Нахустин ҳадафи вай ин буд, ки қудратро дар Белград мутамарказ кунад ва ба Титои нав табдил ёбад. Барномаи пинҳонии вай ин буд, ки Словения ва бахше аз Хорватияро ва имкон дорад, Македонияро низ аз Югославия хориҷ мекунад ва дигаронро зери контроли худ мегирад, масалан ҳамаи Боснияву Ҳерзеговина ва ними онро ва ё қисмати аслии Хорватияро ва мисли инҳо. Ин барномаи пинҳонӣ сабаби оғози ҷанг шуд. Ба он фаъолона омода мешуд, аз Шӯравӣ аслиҳа мегирифт. Корхонаҳои муҳимро аз Боснияву Ҳерзеговина ба Сербистон интиқол медод.

Радиои Озодӣ: - Шумо мехоҳед бигӯед, ки ин масъалаи ҳалнашудаи миёни қавмҳо буд, ки сабаби гузариши Югославия ба демократия шуд, баъд аз хунинтарин ҷанг дар Аврупои Шарқӣ?

Сабрина Рамей: - Сабаби решаии ин мушкил низоми сиёсии ғайриқонунӣ буд. Ин низоми қонунӣ набуд. Ин низоме буд, ки бар пояи ҳукмронии як ҳизб асос ёфта буд. Баъдтар як ҳизб ҳатто шаш, баъдтар ба ҳашт, яъне ба созмонҳои ҳизбии минтақаӣ тақсим шуд. Аз лиҳози ақидатӣ ва барномаҳояшон, албатта, онҳо шабеҳи якдигар буданд. Онҳо барои худ воситаҳои таблиғотӣ ё матбуот доштанд ва аз ин имконот истифода мекарданд. Дар натиҷа шаш кишвар ба вуҷуд омад ва ҳар кадом барои изҳори норизоятӣ шабакаҳои худро ба кор мебурданд. Ҳамаи ин ғайриқонунӣ буд ва сабаби боло гирифтани ихтилофҳои қавмӣ шуд. Ман мехоҳам бигӯям, ки мушкилиҳои қавмӣ маҳсули низоми ғайриқонунӣ буд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG