Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти мушовири Обама бо мақомоти нави Бишкек


Як мушовири аршади Кохи Сафед ба хотири музокирот бо мақомоти муваққати Қирғизистон вориди Бишкек шуд. Майкл МакФаул, мушовири аршади раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар умури Русия ва АвроОсиё бо муовини раиси ҳукумати муваққат Алмос Ҳотамбоев мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон гуфт, МакФаул аз омодагии Амрико барои кӯмак ба Қирғизистон дар роҳи “бунёди ҷомиаи демократӣ ва таъмини субот” хабар додааст. Ҳотамбоев гуфта, ки равобити дуҷониба бо Амрико мусбат буд, вале тайи солҳои охир аломатҳои рӯшани “меъёрҳои дугуна” дида мешуд.
Ҳукумати муваққат қаблан Вошингтонро айбдор карда буд, ки ба хотири тамдиди замони иҷораи пойгоҳи муҳими Манас нақзи ҳуқуқи башар дар аҳди раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиевро нодида мегирифт. Аммо Вошингтон ин иддаоро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG