Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музоядаи фурӯши шумораҳои "тилоӣ" дар Хатлон


Рӯзи 17 май дар Қӯрғонтеппа музоядаи фурӯши шумораҳои, ба истилоҳ, “тилоӣ”-и мошинҳо баргузор хоҳад шуд. Музояда бо нархи ибтидоии 225 сомонӣ барои ҳар шумора оғоз ёфта, ин бор низ маблағи аз фурӯши шумораҳои “тилоӣ” бадастомада ба суратҳисоби нирӯгоҳи Роғун таҳвил мешавад.
Рӯзи 23 апрел дар нахустин музоядаи шумораҳои “тилоӣ”, ки дар Душанбе гузашт, аз 82 шумораи пешниҳодшуда 34 шумора ба фурӯш рафт. Рекорди ин музоядаро шумораи 00-01 гузошт, ки бо нархи 40 000 сомонӣ, муодили беш аз 9 000 доллар ба фурӯш рафт.
XS
SM
MD
LG