Пайвандҳои дастрасӣ

Овозхони 12-солаи тоҷик дар озмуни Сан-Ремо


Шоҳрух Юнусов, овозхони 12-солаи тоҷик дар озмуни байналмилалии ҳунармандони наврас “Сан-Ремо Ҷуниор –2010” сазовори дипломи дараҷаи аввал шудааст. Ин сабқат барои нахустин бор ва барои овозхонони аз 6 то 15-сола тайи ду ҳафтаи моҳи апрел дар шаҳри Сан-Ремои Итолиё доир шудааст.
Шоҳрух Юнусов дар озмуни “Сан-Ремо Ҷуниор –2010” бо ду таронаи “ О соле мио” ва “Республикаи ман” ширкат варзида, дар пайи анҷоми озмун ҳамроҳ бо овозхони маъруфи операи тоҷик Адҳам Холиқов, ки феълан дар Итолиё кору зиндагӣ мекунад, дар шаҳри Милан як консерти муштарак додааст.
Шоҳрух Юнусов то кунун ду дафъа барандаи ҷашнвораи “Донак” ва имсол ғолиби озмуни “Ғунчаҳои санъат” шудааст.
XS
SM
MD
LG