Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 1000 мактаби нав хоҳанд сохт


Қарор аст, то соли 2016 дар Тоҷикистон беш аз 1000 мактаби нав барои 157 000 ҷойи нишаст сохта шавад. Тайи ин муддат нашри беш аз 23 миллион нусха китоби дарсӣ ва ҷалби беш аз 17 000 омӯзгор барои кор дар макотиби миёна низ барномарезӣ шудааст. Ин иқдомот дар чаҳорчӯби талаботи тарҳи ҷадиди қонуни маориф анҷом мешавад. Бар асоси тағйироте, ки парлумони Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта ба қонуни маориф ворид кард, аз соли 2016 ин кишвар ба низоми 12-солаи таълим мегузарад.
Феълан дар тақрибан 3810 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар Тоҷикистон наздики 1,8 миллион нафар таҳсил мекунанд, вале дар пайи гузариш ба таълими 12-сола теъдоди толибилмон метавонад болиғ аз 2 миллион нафар шавад.
XS
SM
MD
LG