Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти "Кӯкнор-2010" шурӯъ шудааст


Дар Тоҷикистон аз 1 май амалиёти саросарии “Кӯкнор-2010” шурӯъ шудааст. Ин амалиёт 7 моҳ идома хоҳад кард ва мақомоти Ожонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон гуфтаанд, дар ин амалиёт ниҳодҳои вазоратҳои мухталиф ва мақомоти маҳаллӣ ҷалб шудаанд. Ба гуфтаи ин мақомот, дар тамоми манотиқи кишвар гурӯҳҳои сайёре ташкил шудаанд, ки майдонҳои кишти маводи мухаддир ва масирҳои эҳтимолии қочоқи онро таъқиб хоҳанд кард.
Бино ба омори расмӣ, дар ҷараёни амалиёти “Кӯкнор-2009” қариб 2 тоннаву 380 кило маводи мухаддир, бо шумули наздики 800 кило ҳероин мусодира шуда, беш аз 2 миллиону 300 ҳазор бех кӯкнор аз байн бурда шуд. Амалиёти вижа дар Тавилдара, ки дар тобистони соли гузашта бо ҳалокати фармондеҳони собиқи нирӯҳои мухолифин Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов анҷомид, низ дар чаҳорчӯби амалиёти “Кӯкнор-2009” шурӯъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG