Пайвандҳои дастрасӣ

Қазияи транзити вагонҳо бидуни тағйир боқӣ мемонад


Манобеъи хабаргузории “Авасто” дар ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба гуфтаанд, ки вазъи транзити вагонҳои боркаш тавассути қаламрави Узбакистон бидуни тағйир боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ин манобеъ, транзити вагонҳо тавассути минтақаи Амӯзанг, ки Узбакистонро бо вилояти Хатлони Тоҷикистон мепайвандад, ҳамчунон мамнӯъ буда, ҳар рӯз ба самти Душанбе ҳамагӣ 4-5 вагон мегузарад. Ҷамъи вагонҳои тайи 3 моҳи охир ҷамъшудаи Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя болиғ аз 2000 шудааст. Қазияи вагонҳо ахиран дар музокироти ҳайъатҳои расмии Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд баррасӣ шуд, вале кадом тавофуқе дар ин замина ба даст наомад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG