Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳдуд шудани таблиғи ширкатҳои мобил


Таблиғи ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон маҳдуд карда мешавад. Дар Душанбе алакай ба бардоштани тоблуҳои таблиғотии ширкатҳои мобилӣ аз кӯчаву хиёбонҳо шурӯъ кардаанд. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе бо таъйиди ин хабар гуфтааст, эҷоди маҳдудият дар роҳи таблиғи ширкатҳои мобилӣ ба дунболи изҳороти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки танзими истифода аз телефонҳои мобилро дар кишвар тақозо кардааст.
Ардашер Деҳотӣ, намояндаи ширкати “Tcell” гуфтааст, ки корхонаи давлатии масъули таблиғ дар шаҳри Душанбе алакай бо ирсоли як нома онҳоро аз зарурати бардоштани тоблуҳои таблиғӣ хабардор кардааст.
Феълан дар бозори телефонҳои ҳамроҳи Тоҷикистон 6 ширкат фаъолият доранд.
XS
SM
MD
LG