Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози маъракаи зидди полиомелит дар Тоҷикистон


Сар аз имрӯз, 4 май дар Тоҷикистон маъракаи саросарии эмкунии атфоли зери синни панҷсола алайҳи бемории полиомелит, ё фалаҷи кӯдак, оғоз ёфт. Шасиддин Ҷобиров, мудири Маркази иммунопрофилактикии Тоҷикистон гуфт, ин маърака амалан ҳанӯз аз 1 май дар Душанбе ва 7 ноҳия шурӯъ шуд. Маъракаи саросарии эмкунӣ аз полиомелит дар Тоҷикистон дар 3 марҳала ва то 5 июн идома карда, аз ин бемории сироятӣ гул буридани 1,1 миллион кӯдаки то панюҷсоларо дар назар дорад. Оқои Ҷобиров гуфт, то имрӯз ҳамагӣ 1 мавриди маҳз бар асари полиомелит фавтидани кӯдак дар Тоҷикистон мушаххас шудааст. Қаблан дар бораи 12 мавриди фавти эҳтимолии атфол аз ин беморӣ хабар дода мешуд, вале мегӯянд, дар 11 мавриди дигар вуҷуди фалаҷи кӯдак тасдиқ нашудааст.
ЮНИСЕФ, Сандуқи кӯдаки СММ ахиран ба Тоҷикистон қариб 4 миллион воксини зидди полиомелит ворид кард.
XS
SM
MD
LG