Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Амрико мегӯянд, дар робита ба талоши бомбгузорӣ дар майдони Таймс-Сквери Ню-Йорк як шаҳрванди амрикоии покистониаслро боздошт кардаанд.

Эрик Ҳолдер, додситони кулли Амрико, гуфт, Файсал Шаҳзоди 30-сола дар фурудгоҳи Ҷон Кеннедии Ню-Йорк замоне боздошт шуд, ки мехост ба Дубай парвоз кунад. Эрик Ҳолдер бидуни ироаи ҷузъиёти зиёд дар бораи ҷараёни таҳқиқи парвандаи талоши ҳамла дар Таймс-Сквер гуфт, ин таҳқиқот чандин фарзияро дунбол мекунад.

Хабаргузориҳо менависанд, нафари боздоштшуда дар иёлати Коннектикут ба сар мебарад ва ба тозагӣ аз сафари панҷмоҳа аз Покистон баргаштааст.

Бовар меравад, ки мошини бомбгузоришудаеро, ки шоми шанбеи 1-уми ма й дар Таймс-Сквер кашф ва хунсо карданд, ахиран маҳз Файсал Шаҳзод харидааст. Дар ин мошин як силсила маводи мунфаҷира, бо шумули бензину гази пропан, нуриҳои минералӣ ва васоили оташбозӣ кашф шуд. Аммо мақомот мошини бомбгузоришударо ҳанӯз қабл аз таркиданаш пайдо ва аз инфиҷори он ҷилавгирӣ карданд.

Вақте ки як фурӯшандаи кӯча дар Таймс-Сквер бонги изтироб зад, ин майдон дар маркази Ню-Йорк моломоли издиҳоми сайёҳон ва онҳое буд, ки ба театр мерафтанд. Эрик Ҳолдер, додситони кулли Амрико гуфт, “агар ин ҳамла муваффақ мешуд, ба як ҳамлаи хунин табдил меёфт.”

Ӯ эҳтимоли таъқиби афроди дигари шарик дар таҳия ва иҷрои ин талоши ҳамларо сарфи назар накард ва гуфт, ки онҳо “то замони ба масъулият кашонидани кулли масъулини ин амал осуда нахоҳанд шуд”.

Эрик Ҳолдер бо ёдоварӣ аз ин ки мақомотро дар бораи мошини бомбгузоришуда дар Таймс-Сквер нахустин шуда, мардуми оддӣ хабардор карданд, боз ҳам аз мардуми Амрико даъват кард, ки мувозеҳ бошанд ва дар бораи ҳар навъ мавридҳои шубҳабарангез ба мақомоти интизомӣ хабар диҳанд.

Таҳрики Толибони Покистон, як шабакаи ифротӣ, ки ба анҷоми як силсила ҳамлаҳои хунин дар саросари Покистон дар чанд соли охир айбдор мешавад, аллакай рӯзи якшанбе эълон кард, ки талоши тарконидани мошини бомбгузоришуда дар Таймс-Сквери Ню-Йорк кори ин гурӯҳ буда, ин талоши ҳамла ба хотири ҷустани интиқоми ду раҳбари аршади ахиран дар Ироқ кушташудаи шабакаи ал-Қоида анҷом шудааст.

Раҳбари пулиси Ню-Йорк Раймонд Келлӣ аммо гуфт, шавоҳиде дар даст нест, ки ин даъвои Толибони Покистонро собит кунад. Шаҳрдори Ню-Йорк Майкл Блумберг низ гуфт, ҷиҳати ба шабакаи террористии ал-Қоида, ё бо Толибон ва ё бо ҳар гурӯҳи дигар иртибот додани ин ҳамлаи ноком “шавоҳиди машрӯъ”-е вуҷуд надорад. Аммо бархе манобеъи интизомӣ ҳанӯз чанде қабл аз боздошти Файсал Шаҳзод гуфтаанд, ки тафтишот рӯи фарзияи бо хориҷ иртибот доштани талоши ҳамла дар Таймс-Сквер низ андеша мекунад.
XS
SM
MD
LG