Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти зиддимонополӣ: "IRS ғайриқонунӣ кор мекунад"


Раиси Хадамоти зиддимонополии назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» сар аз якуми май дар ду гузаргоҳи пулакии Варзоб ғайриқонунӣ фаъолият мекунад.

Амонулло Ашӯр, раиси Хадамоти зидимонополии назди ҳукумати Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, арзиши истифодаи роҳ бояд бо ин ниҳоди давлатӣ ҳамоҳанг шавад ва ҳамоҳангии қаблӣ танҳо барои як моҳ, то 1-уми май буд. Ҷаноби Ашӯр гуфтааст, бо ширкат тавофуқ ҳосил шуда буд, ки пас аз анҷоми ин як моҳ бо назардошти масрафот ва даромади ширкат нархнома аз нав дида хоҳад шуд.

Вале, ба таъкиди раиси Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон, ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» нархро коҳиш надодааст ва ҳам аз ироаи ҳисоботи молии худ ба Хадамоти зиддимонополӣ худдорӣ кардаву чунин гузоришро сирри иқтисодӣ номидааст. Ҷаноби Ашӯр мегӯяд, дар созишномаи имзошуда таъкид шудааст, ки дар ҳолати зарурӣ Хадамоти зиддимонополӣ ҳаққи талаби маълумоти молиро дорад.



Ҳамакнун, Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон, имрӯз, 4-уми май, ба унвони ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз», Вазорати роҳ ва мухобирот ва ҳукумати ноҳияи Варзоб мактуб фиристода, ва дар он хабар додааст, ки талаби маблағ барои истифодаи роҳи Душанбе-Чаноқ мутаваққиф шавад.

Аз ширкати хориҷӣ ҳамчунин талаб шудааст, то дар муддати як ҳафта ҳисоботи молии худро ба Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон ироа намояд ва ҳамчунин нархномаҳои навро барои ҳамоҳангӣ пешниҳод бикунад.

Амонулло Ашӯр гуфтааст, нархҳои қаблӣ барои мардум миёншикан будаанд ва ҳамакнун Хадамоти зиддимонополӣ мехоҳад, ки дар нархномаи нав манфиати мардуми маҳаллиро ба инобат бигирад.

Ҷаноби Ашӯр Эронро мисол овардааст, ки барои 50 километр роҳи пулакӣ маблағи баробар ба 88 дирами тоҷикро мегиранд ва Русияро низ, ки дар он ҷо барои ҳар километр роҳи пулакӣ ду дирами тоҷикӣ пардохт мекардаанд. Бар илова, дар канори ҳар роҳ дар ин кишварҳо роҳи алтернативии ройгон низ будааст.

Роҳи Душанбе-Чаноқ сар аз якуми апрел пулакӣ эълон шуд. Тибқи нархнома, қимати убури ҳар як километри ин роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шуд. Шоҳроҳи мазкур 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд поён меёбад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳадаф аз пулакӣ кардани ин роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин номида буданд, ки дар навсозии шоҳроҳ масраф шудаанд. Роҳи Душанбе–Хуҷанд-Чаноқро ширкатҳои чинӣ бо сармояи 281 миллион доллар навсозӣ кардаанд.

Нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон вокунишҳо ва оқибатҳои аксаран манфӣ ба бор овард. Ронандаҳо аз гаронӣ ва гунаи пардохти роҳпулӣ, мусофирон аз боло рафтани арзиши роҳкиро норозӣ буданд. Нарху навои маҳсулот низ афзоиш ёфт.

Зиёда аз 10 ҳазор нафар аз истиқоматкунандагони масири роҳи пулакии Душанбе -- Чаноқ дар номае ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон хостори бознигарии нархи истифодаи роҳ аз тарафи аҳолии маҳаллӣ шуданд. Онҳо ҳамчунин хостанд, ҷамъоварии маблағ аз истифодаи роҳ аз дасти ширкати хориҷӣ гирифта ва ба ихтиёри мақомоти давлат дода шавад. Дар ин миён садҳо нафар аз сокинони ноҳияи Варзоб бар зидди роҳи пулакӣ дар назди яке аз дарвозаҳои он гирдиҳамоӣ карда буданд.

ИН ВИДЕОҲОРО НИЗ БУБИНЕД:

Эътироз аз роҳи пулакӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00


Таъсири роҳи пулакӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:10 0:00


Rohi pulaki dar Varzob
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00
XS
SM
MD
LG