Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба маълумоти расмӣ, нисфи маҳбусоне, ки аз рӯи қонуни афв аз зиндонҳои вилояти Суғд ба озодӣ баромадаанд, бо ҷойи кор таъмин набудаанд ва бархе аз маҳбусини собиқ ҳатто ҷойи зист надоштаанд.

Дар вилояти Суғд зиёда аз 1 ҳазору 100 нафар тибқи қонуни афв аз зиндон раҳо шудаанд ва аз ин шумор ҳоло, бино бар маълумоти расмӣ, 500-600 нафарашон гирифтори мушкилӣ дар дарёфти ҷойи хоб ва ҷойи кор будаанд.

Қиссаи Фарҳод

Як маҳбуси собиқи зиндони Хуҷанд, ки худро Фарҳод муаррифӣ кард, чору ним сол дар маҳбас сипарӣ карда, охири соли гузашта аз рӯи қонуни афв ба озодӣ баромадааст. Фарҳод 37 сол дорад, вале оила ва хонаву дар надорад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар беруни панҷара касе ҳам надошт, ки пешвозашаш гирад ва ба дарёфти роҳи нави зиндагӣ дасти ёрӣ дароз кунад. Фарҳод мегӯяд, ба ҷузъ як хати озодӣ дигар ягон ҳуҷҷате надорад, пул ҳам надорад. Акнун барои оғози нав бояд шиноснома бигирад ва кор ёбад ва барои ин ҳама дар аввал пул даркораш ҳаст, аммо аз ҳеҷ ҷое ёрие намебинад.

Фарҳод дар идомаи қиссааш мегӯяд, бисёр рафиқонаш, ки аз ҳабс озод шудаанд, ҳамин гуна барои дарёфти ҷойи зисту маблағ ва ҷойи кор давутоз доранд. Ба гуфтаи вай, он маҳбусине, ки дар озодӣ оила ва хешу пайванд доранд, бо ёрии онҳо нисбатан осон сарҳисоби зиндагии худро аз нав пайдо мекунанд, аммо маҳбусони бекасу танҳо зиёд ранҷ мекашанд ва маҷбур мешаванд, ки дубора даст ба ҷиноят зананд.

Бар пояи маълумоти идораи корҳои дохилии Суғд, ҳамин тавр, нӯҳ маҳбуси озодгашта аз рӯи қонуни афв такроран даст ба ҷиноят задаанд. Онҳо ҷойи зисти доимӣ надоштаанд. Рауф Юсупов, сардори идораи корҳои дохилии Суғд, барои ба роҳи нави зиндагӣ бурдани маҳбусони собиқ бояд тамоми ҷомеа дасти ёрӣ дароз кунад.

Кӣ ба маҳбус ёрӣ медиҳад?

Ба гуфтаи Мӯҳсин Миркамолов, сарвари идораи шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд, маҳбус аз рӯзе, ки озод шуд, дар идораи мазкур ба қайд гирифта мешавад ва ин ҳуқуқ медиҳад давоми 6 моҳ ба маблағи як моши ҳадди ақал, ё 60 сомонӣ ёрипулӣ бигирад. Дар ин муддат маҳбуси собиқ ба кори муайян ё курси кӯтоҳмуддати бозомӯзии касб ҷалб карда мешавад. Аммо, ба гуфтаи оқои Миркамолов, теъдоди ангуштшумор аз маҳбусини озодшуда ба идораи шуғли аҳолӣ муроҷиат мекунанд.

Вай мегӯяд, аз моҳи апрел ба ин сӯ ба хотири муайян намудани сабабҳои муроҷиат накардани маҳбусини афвшуда ба ин ниҳод ва дастгирии онҳо кормандони идораи мазкур маҳалла ба маҳаллаву хона ба хона гашта, миёни маҳбусини собиқ дар ин бора як назарсанҷӣ доир мекунанд. Сарвари идораи шуғли аҳолии Хуҷанд бар ин бовар аст, ки ин назарсанҷӣ ба хотири шинохти авзоъ ва дастгирии озодгаштаҳо муфид хоҳад буд.

Коршинос Лутфулло Алиев, корманди як маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар шаҳри Исфара, мегӯяд, маҳбусини озодгашта низ бояд худ аз имкониятҳо барои дарёфти ёрипулӣ аз ҳисоби давлат ва ҷойи кор истифода кунанд. Ин кори аслии онҳо аст ва ба ҷойи онҳо каси дигаре инро анҷом нахоҳад дод, мегӯяд коршинос ва машварат медиҳад, ки нафароне, ки ҳуҷҷат гум кардаанд, аз марказҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ки тақрибан дар ҳама шаҳр ва марказҳои навоҳии Суғд фаъолият мекунанд, ёрии ройгони ҳуқуқӣ ва раҳнамоӣ дарёфт карда метавонанд.

Ин коршинос мегӯяд, бархе аз маҳбусини афвгашта бемору нотавон аз паси панҷара раҳо ёфтаанд ва барои ба зиндагии муқаррарӣ баргаштан муддате ба табобат ва парастиш ниёз доранд.

"Телефони муштарӣ хомӯш аст"

Баъди омода кардани ин навишта ба Фарҳод хостам занг занам, то бипурсам дар чанд муддати баъди сӯҳбатамон оё тавонист зиндагии худро дар озодӣ ба по рост кунад, вале аз он сӯ ҷавоб омад, ки хидмат ба ин рақам ба сабаби напардохтани маблағ муваққатан хомӯш карда шудааст. Вай хона ва суроға надошт…

ИН ВИДЕОҲОРО НИЗ БУБИНЕД:




Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG