Пайвандҳои дастрасӣ

Аҷмал Қассоб дар интизори ҳукми додгоҳи Ҳинд


Додгоҳи Ҳинд, як шаҳрванди Покистонро, ки дар ширкат дар ҳамлаи хунин ба шаҳри Бомбай гунаҳкор дониста шуд, зоҳиран ба қатл маҳкум хоҳад кард. Дар ҳамлаҳои ҳамоҳангшуди соли 2008 ба шаҳри Мумбай, 166 нафар кушта шуд. Рӯзи душанбе додгоҳи Ҳинд, Муҳаммад Аҷмал Қассобро дар куштор ва муҳориба ба зидди Ҳинд гунаҳкор донист. Аҷмал Қассоби 22-соларо узви Лашкари Тайиба, як созмони тундрави мустақар дар Покистон медонанд, ки ин созмон масъули ҳамлаи серӯза ба Мумбай хонда шудааст.
XS
SM
MD
LG