Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон гуфт, Эрон ҷаҳонро таҳти хатар мегузорад


Ҳилларӣ Клинтон вазири умури хориҷаи Амрико, гуфт баландпарвозиҳои ҳастаии Эрон ҷаҳонро таҳти хатар мегузорад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, барои ин Эронро ба масъулият бикашад. Ҳилларӣ Клинтон дар нишасти байналмилалӣ дар мавриди бозбинии Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ, ки дар Ню Йорк ҷараён дорад, гуфт: "Эрон ягона кишвари ҳозир дар ин толор аст, ки шӯрои мудирони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ онро нақзи тааҳудоти байналмилалии амнияти ҳастаӣ гунаҳкор медонад. Ягона кишвар. Эрон аз талабҳои Шӯрои Амният ва Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ сарпечӣ карда ва ояндаи манъи густариши силоҳҳои атомиро таҳти хатар гузоштааст." Ҳилларӣ Клинтон гуфт, поймолкунандагони Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ "баҳои гароне" хоҳанд пардохт. Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар ҳамин нишаст, иддаъоҳо дар мавриди талоши Эрон барои дастёбӣ ба бомби атомиро рад карда гуфт, “ҳеҷ далели мувассақе дар ин замина” вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG